Фарзандони азизи мо, ки мехоҳанд ҳаёти минбаъдаашон аз пешинааш шарафноктар, арзишмандтар, соҳибэҳтиромтар ва пухтатар бошад, ва оилаҳои дурандеши онҳо Курсҳои тобистонаи моро бо шавқу ҳаяҷони хосса интизор шуда, онҳоро интихоб мекунанд. Курсҳои тобистонаи шабонарӯзӣ ва рӯзонаи мо, ки пеш аз ҳама дар ноҳияи Фотеҳ ва дар ноҳияҳои гуногуни Истанбул боз мешаванд, тақрибан 1,5 моҳ давом мекунанд. Дар ин муддат ба ғайр аз фаъолиятҳои таълиму тарбия чорабиниҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сайру саёҳат ва суҳбатҳо ташкил карда мешаванд.
Дар ин давраи кӯтоҳи 1,5 моҳа мо ба фарзандонамон ҳисси ибодатро мерасонем ва бо ҳассосият ба ҳаром ва ҳалол кӯшиш мекунем, ки шахсияти дуруст бунёд намоем. Ҳарчӣ ки ҳаёте, ки мезияем, ба мо диҳад ё аз мо бигирад, се чизро, ки як инсони мусалмон ҳаргиз набояд аз даст диҳад, ба онҳо хуб мефаҳмонем ва аз ёд мекунонем:
1- Имон ба Аллоҳ (ҷ.ҷ.)
2- Имон ба Расули Аллоҳ (с.а.в.)
3- Эҳтиром ва таслим ба Қуръони Карим









